Доналд Трамп гуфт, ки гуноҳ надорад

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисиҷумҳури пешини Амрико, чанд соат пас аз эълони иттиҳом ба ӯ дар додгоҳи Ню-Йорк, ҳамаи онҳоро рад кард ва худро қурбонии мудохила дар интихоботи президентӣ номид.

Ӯ рӯзи 4-уми апрел гуфт: “Ҳеч гоҳ фикр намекардам, ки чунин чизе метавонад дар Амрико рух бидиҳад. Ягона ҷинояте, ки ман содир кардаам, ин муҳофизати далеронаи мардумам аз онҳое мебошад, ки дар фикри нобуд карданашон ҳастанд.”

Трамп баъди бозгашташ ба осоишгоҳи худ дар Мар-а-Лагои Флорида суханронӣ карда, 34 гумони ҷиноят ва марбут ба сохтакориро дар муомилоти тиҷоратӣ рад кард.

Дар суханронияш додситони Ню-Йорк Алвин Брагро, ки узви Ҳизби демократ аст, ҳадаф қарор дод. Раисиҷумҳури собиқ гуфт, қабл аз он ки шахс дар бораи ман чизеро донад, мехоҳад Трампро “дар чангол бигирад. “

Доналд Трамп ҳамчунин дар бораи парвандаҳои дигари додгоҳӣ алайҳи ӯ гап зад, аз ҳифзи асноди махфии давлатӣ гирифта то таҳқиқи ошӯбҳои рӯзи 6-уми январ дар Конгрес.

Ӯ бидуни ҳеч далеле демократҳоро ба он айбдор кард, ки кӯшиш доранд, парвандаҳоро барои пирӯз нашудан дар интихоботи президентии соли 2024 истифода баранд.

“Мо миллати рӯ ба таназзул ҳастем ва ҳоло ин чапгароҳои ифротии васвосӣ бо истифода аз мақомоти интизомӣ мехоҳанд, ба интихобот дахолат кунанд. Мо наметавонем ба ин иҷозат бидиҳем,” – афзуд ӯ.

Изҳороти Доналд Трамп пас аз он садо медиҳад, ки додрас аз иштирокдорони мурофиаи догоҳӣ хост, аз ҳама гуна баёнияҳое, ки метавонанд боис ба хушунат ё нооромиҳои оммавӣ шаванд, худдорӣ кунанд.