$2,6 миллиард. Бастаи нави ёриҳои Амрико ба Украина

Украина

Амрико рӯзи 4-уми апрел хабар дод, ки барои Украина бастаи нави кумаки низомиро ба маблағи 2,6 миллиард доллар ҷудо мекунад.

Дар Вазорати мудофиаи Амрико гуфтанд, дар бастаи нав муҳимоти зиёди ҷангӣ барои низоми мушакии HIMARS, инчунин, гулӯлаҳои одии тӯпхонаӣ шомил мешавад.

Ёрии фаврӣ ҳамчунин низоми зиддитонкӣ, нақлиёт барои интиқоли дастгоҳҳои калонҳаҷм ва ғайра дорад.

"Кумаки охир барои он аст, ки артиши Украина ба ҳамлаи зидди артиши Русия омода мешавад," -- навиштааст хабаргузории Associated Press.

Аз ибтидои ҳамлаи густардаи Русия ба Украина, аз охири моҳи феврали соли 2022, кумакҳои Амрико ба Украина дар бахши низомӣ ба бештар аз 35 миллиард доллар расидааст.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ҳозиранд, ба Украина ҳар чӣ қадаре, ки лозим шавад, кумак расонанд.