Фестивали овозхонҳои Русияро дар Тошканд бекор карданд

Дар шаҳри Тошканд фестивали мусиқиеро бекор карданд, ки дар он бештар аз 30 овозхони "Путингаро"-и Русия мебоист, ҳунарнамоӣ кунанд. Пештар аз ин дар Озарбойҷон ва Қазоқистон низ баргузории ин фестивалро бекор карда буданд.

Дар бораи қатъи фурӯши билет ба фестивали "Жара", ки 20-21-уми май мебоист баргузор шавад, ширкати узбекистонӣ рӯзи 3-юми апрел хабар дод.

"Мутаассифона, вазъи ҳозираи дунё барои баргузор кардани чорабиниҳои бузурги мусиқӣ мувофиқ нест", - навишта шудааст дар эъломи қатъи фурӯши билетҳо.

Пештар мунтақидон навиштанд, ки ин фестивали "тими Путингароҳост" ва ҳамчун минбаре барои таблиғи ҷанги Русия зидди Украина ва президенти Русия Владимир Путин хидмат мекунанд.

Баъзе аз манобеъ мегӯянд, фестивал бо дастури вазорати корҳои дохилии Узбекистон бекор шудааст.

Ташкилкунандаҳои фестивал пештар навишта буданд, ки чорабинии мазкур аз шаҳри Алматои Қазоқистон ба Тошканди Узбекистон кӯчонида мешавад.

Дар эъломи кӯчонидани чорабинӣ ташкилкунандагон навишта буданд:

"Эҳсосоти русҳаросӣ созмондиҳандагонро маҷбур кард, ки макони баргузории чорабиниро тағйир диҳанд: фестивали "Жара", ки мебоист рӯзҳои 9-12-уми март дар шаҳри Алмато баргузор шавад, ба шаҳри Тошканд кӯчонда мешавад. Сабаб - фаъол шудани русҳаросӣ миёни корбарони қазоқистонии шабакаҳои иҷтимоӣ".

Баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина бисёре аз овозхононе, ки аз ин ҷанг ҳимоят мекунанд, дар бештаре аз кишварҳои дунё ба "афроди ғайри қобили қабул" табдил шуданд.

Чанде пеш иттилоъ нашр шуд, ки 6 консерти овозхони Русия Филипп Киркоров дар Олмон бекор шудааст. Мақомоти Узбекистон монеи баргузории консертҳои Киркоров дар Тошканд нашуданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, талоши баргузор кардани фестивали русӣ дар Озорбойҷону Қазоқистон ва Узбекистон тарғиби хориҷӣ ва хоҳиши тақвияти нуфузи Русия дар ин кишварҳост.