Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг аз кишварҳои узви эътилоф даъват мекунад, ки солона барои сармоягузории бастаи кумакҳо ба Украина 500-миллион евроӣ ҷудо кунад.
Дар ин бора "Bloomberg" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода, афзудааст, ки Столтенберг мехоҳад, кишварҳои узви НАТО саҳми худро дар фонди бастаи кумакҳо ба Украина афзоиш диҳанд.
Ин баста аз ёриҳои кӯтоҳмуҳлат, аз қабили сӯзишвориву низомҳои мубориза бо бесарнишинҳо ва кумакҳои дарозмуддат ба Киев барои замонависозии артиш иборат аст.
Ба гуфтаи дабири кулли НАТО, ин кумакҳо ба Украина имкон медиҳанд, ки артиши худро замонавӣ ва ба меъёрҳои эътилоф мувофиқ гардонад.
Ҳукумати Фаронса гуфт, тасмим дорад, теъдоди моҳонаи тири тӯпҳоро, ки ба Украина медиҳад, ду баробар бештар кунад. Ҳамчунин артиши Украина моҳҳои наздик соҳиби низоми зиддимушакии SAMP-T хоҳад шуд.
Йенс Столтенберг зикр кард, ки кишварҳои узви НАТО истеҳсоли тирҳои 155-мм-и тӯпро афзоиш хоҳанд дод.