Ҷаримаи волидон барои "рамазонхонӣ" дар Қирғизистон

Бишкек, акс аз бойгонӣ

Пулиси шаҳри Уши Қирғизистон мегӯяд, маъмуронаш 116 наврасеро боздошт карданд, ки шабона дур аз назорати волидон қарор доштанд. Тибқи иттилои пулис, кӯдакон шабона ба "талбандагӣ" ва "рамазонхонӣ", дастаҷамъона хондани шеъри махсус дар моҳи Рамазон, машғул будаанд.

Ба зидди падару модари кӯдакон бо бандҳои "Вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба чораҳои пешгирӣ аз расонидани зарар ба саломатии кӯдакон, рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, равонӣ, маънавию ахлоқии онҳо" ва "Саркашӣ аз уҳдадориҳои падару модар" парванда боз шудааст.

Манбаъ афзуда, ки 53 наврас ба маркази махсуси тавонбахшии кӯдакон интиқол дода шуда, 14 тани дигарро ба волидонашон баргардондаанд.

Дар рӯзҳои моҳи Рамазон дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯдакон шабона дари хонаҳоро кӯфта “рамазонхонӣ” мекунанд.

Тибқи қонунгузории Қирғизистон, гаштугузори ноболиғон бе ҳамроҳии волидон аз соати даҳи шаб то шаши субҳ дар он кишвар манъ аст.