Беларус таҳримҳои Ғарбро чӣ гуна давр мезанад?

Маркази таҳқиқотии Беларус (МТБ) дар гузориши нав хабар дод, ки ширкатҳои хусусӣ ва давлатии Беларус аз ҳисоби содирот ба Аврупо ҳамоно даромад мегиранд. Беларус барои содир кардани маҳсулоти сохтмонӣ ба Аврупо аз ширкатҳои сабтиномшудааш дар Қазоқистону Қирғизистон истифода мебарад.

Дар таҳқиқоти МТБ омадааст, ки ширкати лаҳистонии PLRBL ва қирғизистонии "Адмит" барои содир кардани тахта ба Лаҳистон шартнома бастаанд.

"Тахта аз Беларус харида мешавад. Ва ба Иттиҳоди Аврупо фурӯхта мешавад. Яке аз роҳбарони PLRBL Виталий Лешики беларусӣ инро пинҳон намекунад", - омадааст дар таҳқиқот.

PLRBL, ки фаъолияти расмиаш сохтмон ва интихоби коргарон аз Аврупои Шарқӣ аст, на танҳо дар Лаҳистон ва Литва, балки дар Қазоқистону Қирғизистон низ намояндагӣ дорад. Чубро аз Беларус мехаранд ва ба Қирғизистону Қазоқистон меоранд ва баъд коркард карда, онро ҳамчун маҳсулоти маҳаллӣ ба Аврупо мефиристанд.

Баъд аз ҷорӣ шудани таҳрим нисбат ба Беларус, содироти маҳсулоти чӯбӣ аз Қазоқистон ба Иттиҳоди Аврупо аз моҳи июни соли 2022 то январи соли 2023 қариб 173 маротиба афзудааст. "Аз Қирғизистон бошад, қариб 12 ҳазор маротиба," -- навиштаанд муаллифони таҳқиқот.

Соли гузашта Иттиҳоди Аврупо нисбат ба мақомдорон, низомиён ва чанд бахше аз тиҷорати Белорус таҳрим ҷорӣ кард, аммо ҳамоно чӯбу тахтаи Беларус то ба Аврупо мерасад.