Қарор аст, рӯзи 5-уми апрел Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон бо сафари расмӣ вориди Душанбе шавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри баёнияе гуфт, дар ҷараёни сафар Илҳом Алиев бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Интизор меравад, чанд санади ҳамкорӣ ба имзо бирасад.
Ду кишвар бо вуҷуди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорати зиёд надоранд ва соли гузашта додугирифти мол байни Тоҷикистону Озарбойҷон тақрибан 5 миллион долларро ташкил додааст.