Дар Қазоқистон аз гароншавии сӯзишворӣ хабар доданд

Вазорати энержии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки нархи бензинро 11 дарсад ва арзиши сӯзишвории дизелиро 20 дарсад боло барад. Дар ин бора вазири энержии он кишвар Болат Акчулаков рӯзи 3-юми апрел хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, ин тасмим "барои коҳиши тафовути нархи сӯзишворӣ миёни Қазоқистон ва кишварҳои ҳамсояаш" гирифта шуд.

"Агар ҳоло фарқиятро аз байн набарем, пас, дар ояндаи наздик ба камчинии саросарии сӯзишворӣ рӯ ба рӯ мешавем. Гузашта аз ин, арзонтар будани нархи сӯзишворӣ роҳҳои рушди ояндаи ин бахшро мебандад ва ба амнияти энержии кишвар таҳдид мекунад", - гуфт вазир.

Вай ҳамчунин афзуд, сарфи назар аз таъмиру таҷдид се корхонаи коркарди нафт ва афзоиши истихроҷи он дар соли гузашта, баъзе аз минтақаҳои Қазоқистон камчинии сӯзишвории дизелиро эҳсос карданд.

Ба гуфтаи вазир, Қазоқистон камбуди сӯзишвории дизелиашро бо нархи гаронтар аз хориҷ таъмин кардааст.