Туркманистон дар миёни кишварҳои даҳгонае, ки шаҳрвандонашон дар Туркия расман кор мекунанд, ҷойгоҳи севумро гирифтааст.
Дар ин бора Бунёди Туркмании Ҳелсинкӣ (БТҲ) бо истинод ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи туркшиносӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, агар соли 2005 шумори шаҳрвандони хориҷие, ки дар Туркия расман кору зиндагӣ мекунанд, 178 ҳазору 964 нафарро ташкил дода бошад, моҳи марти имсол он то ба 1 миллиону 335 ҳазору 637 кас расидааст.
Хадамоти муҳоҷирати Туркия иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир 222 ҳазору 90 туркманистонӣ дар он кишвар расман кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳоле ки манбаъҳои мустақил шумори воқеии муҳоҷирони туркманро дар Туркия чанд баробар бештар аз омори расмӣ меноманд.