Яков Милатович президенти нави Черногория шуд

Интихоботи Черногория

Иқтисоддон Яков Милатович барандаи интихоботи президентии Черногория эълон шуд.

Милатович Мило Ҷукановичро, ки аз соли 1991 бо танаффусҳои кӯтоҳе Черногорияро раҳбарӣ менамуд, иваз хоҳад кард.

Маркази мониторинг ва таҳқиқот (CEMI), ки раванди интихоботи Черногорияро назорат мекард, шаби 2 ба 3-юми апрел гуфт, Яков Милатович дар раъйгирии рӯзи якшанбе беш аз 60 дарсади овозҳоро соҳиб шуд.

Милатович 37 сол дошта, дар гузашта вазири иқтисоди Черногория буд.

Ӯ мубориза бо фасод ва беҳбуди сатҳи зиндагии сокинонро ваъда додааст. Пас аз пирӯзӣ дар вохӯрӣ бо тарафдоронаш ҳамчунин ваъда дод, ки Черногория дар панҷ соли оянда ба Иттиҳоди Аврупо мепайвандад. Кишвар соли 2008 мақоми номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупоро касб кардааст.

Тибқи иттилои CEMI, 70 дарсади шахсони қобили раъй дар интихоботи президентии Черногория иштирок кардаанд. Натиҷаҳои интихобот рӯзҳои наздик, баъд аз баррасии шикоятҳо, эълон карда мешавад.