Маъракаи дароз кардани муҳлати президентӣ дар Узбекистон ба марҳилаи нав ворид шудааст.
Конститутсияи нав ба Шавкат Мирзиёев имкон медиҳад, ки то соли 2040 дар сари қудрат монад. Тарҳи нави Қонуни асосии Узбекистонро рӯзи 30-юми апрели имсол қабул хоҳанд кард.
Дар Узбекистон фаъолони иҷтимоӣ дар навбат истода, ҳар кадоме мехоҳанд, аз ислоҳот ба Конститутсия ҷонибдории худро баён кунанд.
Телевизионҳои давлатии Узбекистон аз манзили сокинон, аз варзишгоҳҳо, аз донишгоҳҳо ва маконҳои дигари умумӣ гузориш медиҳанд, ки дар ҳамаи он шаҳрвандон аз ислоҳот ҷонибдорӣ мекунанд.
Низоми бидуни рақобати сиёсӣ ин ихтиёрро аз шаҳрвандон гирифтааст, ки ба зидди ислоҳот маърака ороянд.
Ба бовари таҳлилгарон, Конститутсияи оянда мантиқи худкомагӣ дорад.
"Барои он аст, ки муҳлати президентии Мирзиёев ба сифр баробар шавад ва ба вай имконият фароҳам ояд, ки ду навбати дигар президент шавад", - гуфт сиёсатшиноси муқими Бритониё Алишер Илҳомов дар суҳбат бо расонаҳо.