Блогери тарафдори Путин дар таркиши Санкт-Петербург кушта шуд

Владлен Татарский

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 2-юми апрел эълон кард, ки дар таркиши қаҳвахонаи Street Food Bar №1 дар Санкт-Петербург блогнависи ҳарбӣ Максим Фомин (бо тахаллуси Владлен Татарский) ба ҳалокат расид. Вазорат дар баёнияе гуфт, 16 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки хабаргузории давлатии РИА Новости аз захмӣ шудани 25 нафар хабар дод, ки 19 нафари онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд.

Мақомоти Русия ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ҳадафи таркиш маҳз Татарский буд. Бомбаи худсохт дохили тандиси хурде пинҳон карда шуда буд, ки ба Татарский тақдим гардид.

Хабаргузории русии РИА Новости ба нақл аз як "манбаи огоҳ" навишт, "як духтар" эҳтимол бомбаро ба дохили қаҳвахона овард. Ин манбаъ афзуд, "дар халта тандис ё муҷассамае буд, ки ҳадя ба Татарский буд".

Татарский дар гузашта дар ҳайати нерӯҳои низомии рӯ ба Русия дар Донбасс ҷангида буд ва дар бораи ҷанги Русия дар Украина гузориш медод. Расонаҳои Украина Татарскийро мубаллиғи Кремл меномиданд. Ба гузориши расонаҳои Русия, дар шаби эҷодии Татарский дар Петербург наздик ба 100 кас иштирок дошт.

Кумитаи тафтишотии Русия эълон кард, ки таҳқиқотро дар бораи таркиш оғоз кардааст. Додситони Санкт-Петербург ҳам аз оғози таҳқиқот дар бораи ин таркиш хабар дод.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, таркишро маҳкум кард ва иддао намуд, ки блогнависоне ба монанди Татарский "мудофеони ҳақиқат" ҳастанд.

Як мақоми дастнишондаи Русия дар Донбасс бидуни онки далел ва санаде пешниҳод кунад, Украинаро ба даст доштан дар ҳодиса муттаҳам кард. Денис Пушинин гуфт, "ӯ (Татарский) ба таври фоҷеавӣ кушта шуд. Террористҳо наметавонанд ғайр аз ин анҷом диҳанд".

Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳури Украина, аз "терроризми дохилӣ" дар Русия сухан гуфт ва дар паёме дар Твиттер навишт, "тортанакҳо дар кӯза якдигарро мехӯранд".

Татарский, ки номи аслии ӯ Максим Фомин буд, дар "Телеграм" беш аз 560 ҳазор пайрав дошта, яке аз таъсиргузортарин блогерҳои низомии Русия буд ва аз ҷанги ин кишвар дар Украина пуштибонӣ мекард. Ӯ аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина бо пешниҳоди таҳлилҳояш дар бораи ин ҷанг, тавсияҳоеро ба вижа ба касоне, ки ба ҷабҳа басеҷ шуда буданд, ироа мекард.

Аз замони оғози ҷанги Украина, сӯхтору таркишҳои гуногун дар дохили Русия рух додааст, ки ҳанӯз пайванди онҳо бо ин ҷанг маълум нест. Агар ҳадафи бамбгузорӣ фақат блогнависи низомӣ бошад, ин дувумин террори муртабит ба ҷанг дар хоки Русия хоҳад буд.

Ниҳодҳои амниятии Русия тобистони гузашта хадамоти кашфи Украинаро муттаҳам карданд, ки Даря Дугин, духтари Александр Дугин, файласуфи наздик ба Путинро дар таркиши як мошин куштааст. Украина даст доштанашро дар таркиш рад кард.