Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, ҷанги Украина на танҳо буҳрони хӯрок ва сӯзишвориро ба миён овард, балки меъёрҳои дугона ва дурӯягии кишварҳои Ғарбро дар вокуниш ба таҷовузгарии Кремлин ба намоиш гузошт.
“Давлатҳо наметавонанд нақзи ҳуқуқи башарро дар ин ё он кишвар танқид кунанд ва ба ҳамин гуна нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои дигар чашм бипӯшанд. Танҳо ба далели он ки манфиати онҳо дар онҷо нуҳуфтааст. Ин бевиҷдонӣ аст ва тамоми ҳуқуқи бунёдии одамонро поймол мекунад," -- гуфт Агнес Калламард, дабири кулли Авфи Байнулмилал.
Гузориши созмон рӯзи 27-уми март нашр шуд ва вазъи ҳуқуқи инсонро дар 156 кишвари ҷаҳон дар соли 2022 дар бар мегирад.
Муҳаққиқони Афви Байнулмилал мегӯянд, меъёру бархӯрди дугона ва вокунишҳои нокофӣ ба нақзи ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон беҷазоӣ ва бесуботиро афзоиш хоҳад дод.
Созмон мегӯяд, дар ҳоле ки кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дари худро ба рӯйи паноҳандагони украинӣ боз карданд, ин дарҳоро ба рӯйи гурезаҳои ҷангу таъқибот дар Сурия, Афғонистон, Либия ё Ҳайитӣ бастанд ва Амрико, ки ба даҳҳо ҳазор украинӣ паноҳгоҳ дод, 25 ҳазор ҳойитиро аз кишвараш ронд.
Ба нақли созмон, ин кишварҳо ҳамчунин аз системаи апартеиди исроилиҳо зидди фаластиниҳо ё чиниҳо зидди уйғурҳо чашм мепӯшад.
“Дар ин миён танҳо созмонҳои ҳуқуқи башар мемонанд, ки садо баланд мекунанд, ҳарчанд на ҳамеша ин садо натиҷа медиҳад,” – омадааст дар гузориш.
Афви Байнулмилал гуфтааст, бархӯрди дугона кишварҳоеро ба мисли Чин ҷасур кард ва ба Мисру Арабистони Саудӣ иҷоза дод, ки танқидҳоро дар бораи ҳуқуқи башар нодида бигиранд.
Агнес Калламард ҳамлаи Русияро ба Украина намунаи бадтарини чизе донист, ки “давлатҳо фикр мекунанд, метавон ба қонунҳои байнулмилалӣ беэҳтиромӣ кард ва ҳуқуқи инсонро зери по гузошт, вале ҷазо надид.”
"Агар Русияро барои ҷиноятҳояш дар Чеченистон ва Сурия ба ҷавобгарӣ мекашиданд, мумкин аст, ҷони ҳазорон нафар он замон ва ҳоло дар Украина ва ҷойҳои дигар наҷот дода мешуд. Ба ҷойи ин мо ранҷу харобиҳои бештар дорем,” -- гуфт Агнес Калламард.
Созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои ғарбӣ низ Русияро ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи одамон дар Чеченистон ва Сурия, аз ҷумла барои бомбаборони иншооти ғайринизомӣ муттаҳам мекунанд.