Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 11-ум то 20-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Бишкек баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Узбекистон.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2023 метавонанд шаш дастаи мардонаи мунтахаби миллӣ – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, ки аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ мебошанд, иштирок намоянд. Муҳлати охирини тасдиқи ширкат дар ин мусобиқот 31-уми март муқаррар шудааст.
Ба ин мусобиқот иштироки тими миллии Русия низ дар назар аст. Ҳамчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиё – мунтахаби Тайландро барои ширкат дар мусобиқоти ҷадид даъват кардааст. Агар Тайланд аз иштирок даст кашад, ба ин мусобиқот тими миллии Чин роҳ дода хоҳад шуд.
Тибқи нақша пас аз натоиҷи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад, ки дар он бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегарданд.
Бозиҳо дар гурӯҳҳо рӯзҳои 11, 14 ва 17-уми июн дар Бишкек ва Тошканд баргузор хоҳанд шуд. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Узбекистон дар марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳам рӯбарӯ намешаванд.
Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал бо ҳам рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм дар мусобиқот мубориза мебаранд. Ҳарду бозии ҳалкунанда 20-уми июн дар Тошканд барпо мегардад.
Ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2023 барои тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.