Мансабдорону соҳибкорони рус шиносномаи қирғизӣ гирифтаанд

Як қатор аз соҳибкорон ва шахсиятҳои шинохтаи Русия баъд аз ҳамлаи низомӣ ба Украина шаҳрвандии Қирғизистонро дарёфт кардаанд.

Дар ин бора нашрияи "The Moscow Times" бо истинод ба як фармони президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) хабар додааст, ки соли гузашта имзо шуда буд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба намояндагони созмони "Transparency International" дар Русия навиштааст, ки дар раванди шиносномаи қирғизӣ гирифтани русиягиҳо ҳолатҳои коррупсионӣ мушоҳида мешавад.

"Сокинони Маскав ба гирифтани шиносномаи Қирғизистон рӯй овардаанд. Танҳо дар як фармони охири президенти Қирғизистон номи ҳудуди 50 сокини ноҳияҳои Маскав ва ҳамин қадар аз шаҳру ноҳияҳои дигари Русия дида мешавад", - навиштааст "The Moscow Times".

Баъзе аз ному насабе, ки дар фармон оварда шудааст, бо ному насаби бархе аз шахсиятҳои маъруфи Русия, аз ҷумла собиқ раиси вилояти Твер Дмитрий Зеленин, духтари Михаил Баршевский, намояндаи ваколатдори ҳукумати Русия дар мақомоти олии додгоҳӣ Наталя Баршевская ва ҳаммуассиси крипто-биржаи "Bitzlato" Антон Шкуренко комилан мувофиқат мекунанд.