Дороиҳои ҳамсари Медведчукро дар Украина "бастанд"

Коллаж. Виктор Медведчук, ҳамсараш Оксана Марченко ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин

Додгоҳе дар Украина тақрибан 12 миллион доллари дигари Оксана Марченко, ҳамсари сиёсатмадори тарафдори Русия Виктор Медведчукро “баст”.

Хадамоти амнияти Украина ё СБУ рӯзи 24-уми март гуфт, ин иқдом “аз сабти дубораи дороиҳо ба номи дигар пешгирӣ карда, имкон медиҳад, ҳангоми зарурӣ барои эҳтиёҷи давлат гирифта шаванд.”

Моҳи гузашта тахминан 152,5 миллион доллар дороӣ ва амволи Марченко дар Украина ҳабс шуд. Додгоҳ гуфт, Марченко баъзе аз ширкату тиҷорати худро “барои вайронгарӣ дар Украина” истифода кардааст.

Виктор Медведчук, шавҳари Оксана Марченко, яке аз шахсони бойтарин дар Украина буд. Дороиҳои ӯ садҳо миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Вай дар соли 2021 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан ва маблағгузории терроризм дастгир ва сипас бо пардохти гарав ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.

Баъд аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар охири моҳи феврали соли 2022, Медведчук аз ҳабси хонагӣ гурехт, аммо моҳи апрел ҳангоми кӯшиши гузаштан ба Русия дубора боздошт шуд.

Мақомоти Украина моҳи сентябр сиёсатмадори 68-соларо ба Русия доданд. Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, пас аз он Медведчук ва се сиёсатмадори дигари тарафдори Русияро аз шаҳрвандии Украина маҳрум кард.