Блогер Иля Варламовро дар Русия "агенти хориҷӣ" номиданд

Иля Варламов

Вазорати адлияи Русия блогер Иля Варламов ва роҳбари гуруҳи байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи "Агора" Павел Чиковро "агенти хориҷӣ" эълон кард.

Роҳбари ҳизби "Воля" Светлана Лада Рус (Пеунова) ва рӯзноманигори пешини телевизиони "Дожд" Богдан Бакалейко низ "агенти хориҷӣ" унвон шудаанд.

Вазорати адлияи Русия мегӯяд, Варламов ва Чиков "дар бораи қарорҳои мақомот ва сиёсати мақомоти расмӣ иттилои нодуруст паҳн кардаанд". Ба илова, бино ба бовари Вазорати адлияи Русия, Варламов "аз манбаъҳои хориҷӣ ёрӣ гирифтааст".

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" дар Русия соли 2012 қабул шуд. Қонуни мазкур ба Вазорати адлияи он кишвар имкон медиҳад, созмонҳои иҷтимоиеро "агенти хориҷӣ" эътироф кунад, ки аз хориҷи Русия сармоягузорӣ мешаванд.

Меъёри муайян кардани чунин фаъолият рӯшан нест ва ба ин далел мақомоти Русия созмонҳоеро таъқиб ва "агенти хориҷӣ" меноманд, ки дар бахши маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳити зист, ҳифзи ҳуқуқи инсон фаъолият доранд.

Дар ниҳоят мақомот имкон пайдо карданд, ки расонаҳо ва шахсони воқеиро ҳам "агенти хориҷӣ" эълом кунанд.