Дабири НАТО: натиҷаи ҷанг дар Украина сарнавишти саноатро ҳал мекунад

Йенс Столтенберг

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг бар ин назар аст, ки кишварҳои ғарбӣ бояд ба ҷанги давомдор дар Украина омода шаванд, зеро поёни ин ҷанг ҳанӯз падидор нест. Дар ин бора нашрияи The Guardian хабар дод.

Дабири паймони низомӣ ҷангро дар Украина "ҷанг барои заиф сохтан" номид ва аз кишварҳои Ғарб даъват кард, ки барои ирсоли аслиҳаву муҳимот ба Украина истеҳсолотро афзоиш диҳанд. "Меъёри харҷи муҳимоти ҷангӣ зиёдтар аз суръати истеҳсоли он аст", - гуфт дабири НАТО.

"Маҳз ба ин далел кишварҳои ғарбӣ, пеш аз ҳама Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон бояд омода бошанд, ки Украинаро муҳлати тӯлоние бо силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёт кӯмак кунанд," -- гуфт Столтенберг.

Ба гуфтаи вай, натиҷаи ин ҷанг "рақобат дар бахши саноат ва тавоноии ёрии давомдор"-ро муайян мекунад.

Расонаҳои байнулмилалӣ менависанд, сарфи назар аз ёрии рӯзафзуни Амрико ва кишварҳои дигар, Украина ҳамоно ба нерӯ ва силоҳ ниёз дорад, то ин ки хушунати Русияро пас гардонад.

"Пайдост, ки замон дар ихитёри Русия аст, ин кишвар барои ҷанги давомдор дар ҷабҳа сарбоз ва захираи моддӣ дорад. Украина чунин бартарӣ надорад. Агар силоҳ ба таври фаврӣ расонида нашавад, Украина дар муқобила бо Русия душворӣ мекашад", - гуфт Рэйчел Ритсо, таҳлилгари НАТО.

Ҳафтаи гузашта кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтанд, ки давоми 12 моҳи оянда ба Украина 1 миллион гӯлулаи тӯпхонаӣ ирсол кунанд. Департаменти давлатии ИМА низ аз ҷудо кардани 350 миллион доллари дигар ба Украина хабар дод.