Дар ҳоле ки Русия ба сабаби таҷовуз ба хоки Украина ҳарчи бештар дар инзивои байнулмилалӣ мемонад, раҳбари Чин ба Маскав рафт.
Сафари Си Ҷинпин рӯзи 20-уми март оғоз шуд.
Ин сафар ба президент Владимир Путин имкон хоҳад дод, то иддао кунад, ки бо вуҷуди дастури боздошташ аз сӯйи Додгоҳи Байнулмилалӣ ҳанӯз ба таври комил аз ҷаҳон канда нашудааст.
Хабаргузории русии ТАСС аз қавли Си Ҷинпин гуфт, ин сафар ба равобити Русияву Чин "таккони нав" хоҳад бахшид.
Интизор меравад, ҳамлаи Русия ба Украина як мавзӯи асосии гуфтугӯи ду раҳбар бошад.
Чин дар моҳи феврал дар бораи вуҷуди нақшае барои хатми ҷанги Украина хабар дод.
Дар он манфиатҳои Русияро ба инобат гирифта, Ғарбро ба шурӯи ҷанги беасос гунаҳкор кардаанд. Нақшаи Чин оташбас ва музокироти сулҳи миёни ҳама ҷонибҳоро пешбинӣ мекунад. Кремл аз нақшаи сулҳи Чин ситоиш кард.
Чин ҳуҷуми Маскавро ба хоки Украина ҳеч гоҳ маҳкум накарда, баръакс, таҳримҳои Ғарбро нисбат ба Русия танқид намудааст. Муттаҳидони ғарбӣ Чинро барои ёриҳои низомияш ба Русия танқид карда ва аз Пекин хостаанд, чунин корро накунад.
Бори охир президенти Чин соли 2019 ба Маскав рафта буд. Раҳбарони Чину Русия моҳи сентябри соли 2022 дар як нишастӣ амниятӣ дар Узбекистон вохӯрданд.