Президент ва раиси Ҳизби ҳокими коммунистии Чин Си Ҷинпин 20-уми март ба шаҳри Маскав сафар хоҳад кард. Ин сафари нахустини ӯ ба Русия баъди ҳамлаи густардаи низомии Маскав ба Украина аст.
Дар остонаи сафари Си Ҷинпин нашрияи чинии "Жэнмин жибао" матлаби Владимир Путинро ба унвони "Русия ва Чин - шарикии нигаронидашуда ба оянда" чоп кардааст. Ин матлаб бо забони русӣ дар сомонаи Кремл ҳам ба нашр расид.
Путин дар ин матлаб навишта, ки аз гуфтугӯҳои дарпешистода "интизорҳои бузург" дорад. "Ин ҳам барои ман як фурсати хубест, ки бо дӯсти хубу қадимии худ дидор кунам", - афзудааст президенти Русия.
Расонаҳо дар бораи сафари раҳбари Чин ба Русия 17-уми март хабар доданд. Ӯ то 22-юми март дар Маскав мемонад.
Ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков гуфт, қарор аст, ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуда, аз ҷониби Русия дар музокирот вазири дифоъ Сергей Шойгу ва раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ Дмитрий Шугаев ширкат мекунанд.
"Албатта, низоъ дар Украина баррасӣ хоҳад шуд", - афзудааст Ушаков.