Як фаъоли узбекро аз фурудгоҳи Тошканд ба Амрико ронданд

Фурудгоҳи Байнулмилалии Тошканд

Ба фаъоли мадании узбек Исоқҷон Зокиров, ки ҳоло шаҳрвандии Амрикоро дорад, дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд иҷозат надоданд, ки вориди Узбекистон шавад.

Зокирови 65-сола дар асоси низоми соддашудаи раводид барои шаҳрвандони Амрико 10-уми март ба шаҳри Тошканд сафар кард, вале ба ӯ иҷозати ворид шудан ба Узбекистонро надодаанд. Худи он рӯз ӯро ба Амрико дубора ронданд.

Ба гуфтаи Зокиров, вай 20 сол пеш дар пайи таъқибҳо ба хотири дигарандияш маҷбур шуд, Узбекистонро тарк ва ҳаққи паноҳандагӣ дар Амрикоро дарёфт кунад.

"Ман на ифротгаро ҳастам ва на таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорам. Моҳи январ қонуне қабул шуд, ки ба шаҳрвандони аз 55-сола болои Амрико иҷозат медиҳад, бе раводид ба Узбекистон сафар кунанд. Ман ба ин бовар карда, рафтам, то "Узбекистони нав"-ро бинам. Аммо ба ман иҷозат надоданд", - изҳор дошт Зокиров.

Зокиров нахустин фаъоли мадание нест, ки ба ӯ иҷозати вуруд ба Узбекистонро надоданд. Қаблан низ даҳҳо фаъоли узбек, ки шаҳрвандии кишварҳои хориҷиро доранд, натавонистанд ба ватани худ ворид шаванд.