Аз ҳамкорӣ то тарҳи баҳсӣ. Раҳбари Чин ба Русия меравад

Владимир Путин ва Си Ҷинпин

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, рӯзҳои 20-22-юми март бо сафари расмӣ ба Маскав хоҳад рафт.

Пас аз интихоби севумборааш ба раҳбарии Чин ин сафари нахустини хориҷии Ҷинпин аст. Гуфта мешавад, Пекин нақшаи хатми низоъро дар Украина дар миён мегузорад.

Кремл дар изҳороте рӯзи 17-уми март навишт, “масоили калидии вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои стратегии миёни Чину Русия баррасӣ хоҳанд шуд”.

Дар изҳорот омадааст, баррасии масоили байнулмилалӣ ҳам дар назар аст.

Чин дар моҳи феврал дар бораи вуҷуди нақшае барои хатми ҷанги Украина хабар дод. Дар он манфиатҳои Русияро ба инобат гирифта, Ғарбро ба шурӯи ҷанги беасос гунаҳкор кардаанд. Нақшаи Чин оташбас ва музокироти сулҳи миёни ҳама ҷонибҳоро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳоле ки ин пешниҳодро Ғарб рад кардааст, Маскав аз он ситоиш намуд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳам бо тасдиқи барномаи сафари Ҷинпин ба Маскав гуфт, раҳбарони ду кишвар мавзуъҳои бузурги байнулмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ мекунанд.

Ван Венбин, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин, гуфт, ин нишаст бо ҳадафи тақвияти боварӣ миёни ду қудрат барпо мешавад.

Чин ҳуҷуми Маскавро ба хоки Украина ҳеч гоҳ маҳкум накарда, баръакс, таҳримҳои Ғарбро нисбат ба Русия танқид намудааст. Муттаҳидони ғарбӣ Чинро барои ёриҳои низомияш ба Русия танқид карда ва аз Пекин хостаанд, чунин корро накунад.

Бори охир президенти Чин соли 2019 ба Маскав рафта буд. Раҳбарони Чину Русия моҳи сентябри соли 2022 дар як нишастӣ амниятӣ дар Узбекистон вохӯрданд.