Кумисюни СММ дар ҷанги зидди Украина наслкуширо ошкор накард

Эрик Мёсе

Эрик Мёсе, роҳбари Кумисюни мустақили СММ оид ба қонуншиканиҳо дар Украина гуфт, "дар ҳоли ҳозир дар пажуҳиши поймолсозии ҳуқуқи инсон дар Украина далелҳое пайдо нашудааст, ки наслкуширо аз сӯи артиши Русия исбот кунад."

Вай илова кард, кумисюн ба омӯзиш идома медиҳад, зеро "бархе ҳолатҳое ҳастанд, ки наслкушии эҳтимолиро собит хоҳанд кард".

Дар шарҳи гузориши СММ дар бораи ҷиноятҳои Русия дар Украина Мёсе гуфт, кумисюн "ҷиноятҳои густардаи ҷангии Русияро ошкор кард".

Дар рафти таҳияи гузориши мазкур аъзои кумисюни СММ ба 56 минтақаи аҳолинишини Украина рафта, бо 348 зан ва 247 мард суҳбат кардаанд. Кумисюн ҳамчунин аз маконҳои боздошту шиканҷа ва гӯрҳои дастҷамъӣ дидан кардаанд.

Кумисюн мавридҳои қатл, ҳабси ғайриқонунӣ, шиканҷа, муносибати бераҳмона, таҷовузро дар минтақаҳои ғасбшудаи Киев, Чернигов, Харков ва Суми Украина сабт кардаанд.

Дар гузориш ҳамчунин аз ҳолатҳои боздошт ва фиристодани иҷбории шаҳрвандони осоиштаи Украина ба Русия ёд шудааст, ки бисёре аз онҳо то кунун нопайдо ҳастанд.

"Хушунати ҷинсӣ нисбат ба ҳамаи синну сол сурат гирифтааст. Аъзои хонавода, аз ҷумла кӯдаконро маҷбур мекарданд, ки шоҳиди ҷиноят шаванд", - омадааст дар гузориши комисияи СММ.

"Оқибати ин қонуншиканиҳо барои аҳолии осоишат сангин аст. Марги инсонҳо ба ҳазорон мерасад. Тахриби зерсохтор ваҳшатнок аст", - гуфт Мёсе.

Комисия тавсия додааст, ки ҳамаи ҳолатҳои ҷиноят ва қонуншиканӣ ошкор ва гунаҳкорон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналхалқӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.