Иштироки варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки 16-уми март дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз ёфт, ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҳиндустон чаҳор варзишгар - Сумайя Қосимова (48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Мижгона Самадова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) - муаррифӣ мекунанд.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ, ки то рӯзи 26-уми март идома меёбад, ҳудуди 300 варзишгар аз 62 кишвар ширкат доранд. Муштзанҳо аз рӯи 12 дараҷаи вазнҳо рақобат менамоянд: 48 кг, 50 кг, 52 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63 кг, 66 кг, 70 кг, 75 кг, 81 кг ва +81 кг.

Муштзанҳое, ки дар мусобиқоти мазкур медали тило ба даст меоранд, бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқра 50 ҳазор доллар ва барои медали биринҷӣ 25 ҳазор доллар супурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон таҳти сарпарастии Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) аз соли 2001 бори дувоздаҳум баргузор шудааст.

Беҳтарин натиҷаи варзишгарзанони тоҷик дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ медали биринҷии муштзани маъруф Мавзуна Чориева мебошад, ки соли 2012 дар Чин дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило ба даст овардааст. Инчунин Мавзуна тобистони ҳамон сол дар Бозиҳои олимпӣ дар Лондон барандаи медали биринҷӣ гардидааст.