Вакилони Сенат, палатаи болоии порлумони Узбекистон, тарҳи қонунро дар бораи Конститутсия тасдиқ карданд, ки роҳро барои бори севум ба президентӣ расидани Шавкат Мирзиёев боз мекунад.
Расонаҳои давлатӣ рӯзи 15-уми март матни қонуни мазкурро нашр карданд. Бар асоси он бояд раъйпурсии умумӣ дар бораи тарҳи нави Конститутсия ва ё қонуни асосии Узбекистон рӯзи 30-юми апрел сурат бигирад.
Палатаи поёнии Маҷлиси олии Узбекистон тарҳи қонунро ҳафтаи гузашта қабул кард.
Интизор меравад, тарҳи нави Қонуни асосӣ дар Узбекистон бо раъйи аксарият қабул шавад.
Дар ин сурат, Шавкат Мирзиёев, ки давраи дувуми раёсати ҷумҳурии ӯ идома дорад, ҳақ пайдо мекунад, бори саввум дар интихоботи президентӣ ширкат варзад. Бар асоси қонуни асосии феълӣ ин ҳақро надорад.