Ҳукумати Тоҷикистон аз эҳёи равобити дипломатӣ байни Эрону Арабистони Саудӣ, ду кишвари рақиб дар Ховари Миёна, истиқбол кардааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 14-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, “Тоҷикистон аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ... истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар ростои таҳкими субот дар минтақаи Ховари Миёна арзёбӣ мекунад”.
Баъд аз 7 соли душманиву хусумат Эрону Арабистони Саудӣ рӯзи 10-уми март бо миёнравии Чин созиш кардаанд, ки дигарбора робитаҳои дипломатиро аз сар мегиранд.
Арабистони Саудӣ соли 2016 баъд аз юриши тазоҳургарон ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон робитаҳои дипломатиашро бо Эрон бурид.
Тоҷикистон, ки бо ҳарду кишвар робитаҳои худ дорад, дар бораи таҳаввулоти муҳими байнулмилалӣ аҳёнан баёнияҳои расмӣ медиҳад.