Вазорати дифои Испания гуфт, тамрини гуруҳи аввали низомиёни украинӣ, ки дар ин кишвар идораи тонкҳои "Leopard 2A4"-ро меомӯзанд, ҳафтаи равон ба поён мерасад.
Тибқи иттилои CNN, гуруҳ аз 10 экипаж ва ҳайати ёрирасон иборат буда, дар умум 55 нафарро ташкил медиҳад.
"Ин давраҳои омӯзишӣ баъд аз қайди расмии уҳдадориҳои Испания барои мусоидат ба дифои Украина оғоз шуданд. Киев он замон дархост карда буд, ки барои ҷойгиркунии фаврии тонкҳои "Leopard" экипажҳо ва ҳайатҳои ёрирасон омода карда шаванд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати дифои Испания.
Испания розӣ шуд, ки дар доираи фаъолиятҳои ҳамоҳангшуда бо Олмон, Норвегия, Лаҳистон, Португалия ва Ҳолланд ба Украина шаш тонки "Leopard 2A4" фиристад.
Олмон ба Украина навъҳои пешрафтаи тонкҳои мазкур - "Leopard 2"-ро хоҳад фиристод.