Куриёи Шимолӣ бори дигар сӯи баҳри Ҷопон мушак сар дод. Дар ин бора сарвазири Ҷопон Фумио Кишида хабар дод.
Ба иттилои мақомоти Ҷопон, аз ҳудуди Куриёи Шимолӣ ду мушаки кӯтоҳпарвоз партоб шудааст. Дарозии парвози мушакҳо наздики 620 километрро ташкил додааст.
Партоби мушакҳои Куриёи Шимолӣ дар ҳолест, ки як рӯз пеш Куриёи Ҷанубӣ бо Амрико размоишҳои муштараки низомиро шуруъ карданд.
Пештар аз ин Куриёи Шимолӣ рӯзи 12-уми март мушак партоб карда буд. Аз ибтидои соли ҷорӣ ин бори шашум аст, ки Куриёи Шимолӣ мушак партоб мекунад.
Дар соли 2022 Куриёи Шимолӣ дар маҷмуъ 37 бор ва 70 мушак партоб кард. Дар ҷараёни ин озмоишҳо Куриёи Шимолӣ сӯи Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ мушак партофт.