Қазоқистон амволи як ширкати марбут ба "Роскосмос"-ро ҳабс кард

Дар Қазоқистон амволи ширкати русии "Маркази истифодаи зерсохтори кайҳонӣ дар замин"-ро ҳабс карданд.

Ба иттилои нашрияи The Moscow Times, ин ширкат аз "Байтерек"-и муштараки Русияву Қазоқистон 29,7 миллион доллар қарздор шудааст. Ба ин далел, амволи ширкати "Маркази истифодаи зерсохтори кайҳонӣ дар замин" аз сӯи Қазоқистон ҳабс шудааст.

Ширкати мазкур ҳақ надорад, дар замони дар ҳабс будани амволаш маҳсулот ва дороии онро аз Қазоқистон берун барад ва роҳбарони ширкат низ иҷоза надоранд, ки то замони ба поён расидани тафтишот ҳудуди Қазоқистонро тарк кунанд.

Ширкати муштараки Қазоқистон Русия "Байтерек" соли 2005 бо ҳадафи амалисозии барномаи муштараки кашфи кайҳон таъсис шудааст.