Додгоҳи ҳакамии Маскав Озодиро дар Русия муфлис эълон кард

Додгоҳи ҳакамии шаҳри Маскав рӯзи 13-уми март бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро дар Русия муфлис эълон кард.

Хадамоти федеролии андози Русия 4-уми марти соли 2022 ба додгоҳи ҳакамии шаҳри Маскав муроҷиат ва талаб кард, ки Радиои Озодиро дар ин кишвар иҷборан муфлис эълон кунад.

Фишор болои рӯзноманигорони радио дар Русия дар моҳҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза афзуда буд. Радиои Озодӣ 6-уми марти соли гузашта эълом карда буд, ки фаъолияташро дар дохили Русия бас мекунад.

Сабаби муфлисшавии Радиои Озодӣ дар Русия худдории ин радио аз пардохти ҷаримаҳое буд, ки мақомоти Русия ба он баста буданд.

Мақомоти Русия аз Радиои Озодӣ талаб мекарданд, ки дар ҳар кадом матлаби худ "агенти хориҷӣ" буданашро эълом кунад. Радио ин талабро иҷро накард ва ба ин далел мақомоти Русия онро дар маҷмуъ 13 миллион ҷарима баст.

18 рӯзноманигори бахши русии радио аз сӯи Вазорати адлияи Русия ҳамчун "агенти хориҷӣ" номбар шуданд.