"Русия ба ҷанг дар Украина занони муҳоҷирро низ ҷалб мекунад." Дар ин бора бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.
Хабарнигорон бо падари як зани муҳоҷир аз Қирғизистон суҳбат кардаанд, ки дар зиндони Русия аст, вале барои кумак ба ҷанг ҷалб шудааст.
Ба нақли ӯ, духтараш парастори тиб аст ва барояш гуфтаанд, ба Украина равад ва ҳар моҳ 100 ҳазор рубл мегираду пас аз панҷ моҳ озод хоҳад шуд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзудааст, чанде пеш духтараш хоҳиш кардааст, ки дипломашро аз Қирғизистон фиристанд.
Падари ин зани муҳоҷир мегӯяд, беҳтар аст, духтараш дар зиндон бимонад. Ҳамин тариқ, ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, занони муҳоҷирро барои тамизкорӣ ва кор дар ошхона ба минтақаҳои зери тасарруфи Русия мебаранд.
Турсуной, яке аз мусоҳибони дигари бахши қирғизии Радиои Озодӣ, гуфтааст, занони муҳоҷирро барои дӯхтани либосҳои ҳарбӣ даъват карда, барои як рӯз аз 4 то 5 ҳазор рубл ваъда додаанд.
Украина вуруди хориҷиёнро ба қаламраваш, агарчи зери назорати ҷудоиталабон ва ё нерӯҳои Русия аст, марзшиканӣ медонад.
Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, борҳо аз муҳоҷирон хостаанд, ки ба чунин минтақаҳо нараванд. То ин дам даҳҳо муҳоҷири тоҷик гуфтанд, онҳоро бо ваъдаи маоши хуб ба Мариупол бурданд, аммо корфармоён ваъдахилофӣ карданд.