Абдуқодир Муъминов, блогери зиндонӣ дар Узбекистон аз панҷумин вакили мудофеъ даст кашид. Вакили мудофеи охири вай гуфт, Муъминов "бовар дорад, ки метавонад, мустақилона худро ҳимоят кунад".
Маълум нест, Муъминов бо хоҳиши худ аз вакилони мудофеъ даст кашидааст ё таҳти фишор. Пештар мақомоти Узбекистон хабарҳоро дар бораи шиканҷаи Муъминов дар ҳабс рад карданд.
Абдуқодир Муъминови 33-сола, ки ҳамчун танқидгари сиёсатҳои президенти Узбекистон маъруф аст, рӯзи 8-уми феврали имсол ба гумони "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" боздошт шуд.
Сабоҳат Абдуллоева, модари Абдуқодир Муъминов, гуфт, ин панҷумин вакили мудофеи кирокардаи хонавода буд, ки писараш аз ёрии он даст кашид. Абдуллоева мегӯяд, сабабҳои даст кашидани писараш аз вакили мудофеъ барояшон рӯшан нест.