Семей бадтарин шаҳри Қазоқистон барои зиндагӣ эълом шуд

Боғи Ғалаба дар Семей. Акс аз соли 2022

Шаҳри Семей, маркази маъмурии вилояти Абайи Қазоқистон, дар радабандии миллии сатҳи зиндагӣ дар шаҳру навоҳии ин кишвар дар соли 2022 мақоми охиринро гирифт.

Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Қазоқистон дар радабандии худ ба сатҳи зиндагӣ дар 25 шаҳри ин кишвар бар асоси се омил - иқтисоду тиҷорат, захираҳои инсонӣ ва зербиноӣ баҳо додааст.

Шаҳри Остона аз 10 хол 5,89 хол гирифта, мақоми аввал ва Семей бо гирифтани 3,89 хол мақоми охиринро соҳиб шудаанд. Мушкилиҳои асосии Семей сифати хадамоти коммуналӣ, вазъи роҳҳо ва ифлосии шаҳр гуфта шудааст.

Мақоми шаҳри Туркистони Қазоқистон дар радабандӣ назар ба соли 2021 19 зина боло рафтааст. Шаҳри Жанаозени ин кишвар низ аз зинаи охирин ба 16-ум боло рафтааст.