Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, фармонро дар бораи даъвати афсарони эҳтиётӣ ба хидмати артиш имзо кардааст.
Бар асоси он даъвати то 230 нафари 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва 20 каси дигар ба сафи нерӯҳои марзбонӣ дар назар аст.
Вазорати мудофиаи Беларус борҳо иттилоъро дар бораи эҳтимоли сафарбарӣ дар робита ба ҷанги Русия дар Украина рад карда.
Ҳукумати Беларус аз таҷовузи Русия алайҳи Украина пуштибонӣ мекунад. Ин кишвар зербунёдҳои низомӣ ва ҳарими ҳавоияшро дар ихтиёри артиши Русия гузоштааст, то ба шаҳрҳои осоиштаи Украина ҳамла шавад.
Сарбозони Русия пеш аз рафтан ба ҷанг дар Украина дар тамрингоҳҳои Беларус омӯзиш мебинанд.
Мақомоти Беларус дар моҳи сентябри соли 2022 эълон карданд, ки ба далели ба гуфтаашон "зарурати муқовимат ба ниятҳои таҷовузкоронаи НАТО ва таъмини иқтидори дифоӣ" бо Русия гурӯҳи муштараки низомӣ таъсис медиҳанд.
Ба иттилои Вазорати дифои Беларус, ба ин гурӯҳ то 9 ҳазор низомии Русия, 170 тонк ва 200 мошини зиреҳпӯш шомил аст.