Баргашт аз фазо пас аз шаш моҳи иқомат

Онҳо моҳи октябри соли 2022 ба фазо рафта буданд

Пас аз шаш моҳи иқомат дар фазо ду шаҳрванди Амрико, як рус ва як фазонаварди ҷопонӣ бо капсули ширкати хусусии SpaceX рӯзи шанбе истгоҳи фазоии байнулмилалиро тарк карданд.

НАСА ё Идораи таҳқиқоти фазоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, фазонавардон 12-уми март ба соҳилҳои иёлати Флорида ба замин хоҳанд расид.

Ба иттилои хабаргузории dpa-и Олмон, баргашти фазонавардон ба замин чанд бор ба таъхир уфтода буд.

Онҳо дар моҳи октябри соли гузашта аз қаламрави Амрико ба фазо рафта буданд.