Генерали зери таҳрими Амрико вазири дифои Чин шуд

Генерал Ли Шанфу рӯзи 12-уми март ба унвони вазири нави дифои Чин муаррифӣ шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯро дар пайванд ба дарёфти силоҳ аз Русия таҳрим кардааст.

Дипломатҳои минтақа мегӯянд, мансаби нави Шанфу асосан дипломатӣ ва рамзӣ аст, аммо таъйини ӯ бо дарназардошти корномааш бодиққат мушоҳида мешавад.

Давраи кори ӯ дар ҳоле оғоз мегардад, ки Вашингтон дар талоши барқарор кардани муколама ва иртибототи низомӣ бо Чин аст.

Чизе, ки пас аз қаҳри Пекин ба сафари раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико Ненси Пелоси дар моҳи августи соли 2022 ба Тайван вайрон шуд.