Артиши Украина гуфт, 1090 сарбози дигари Русияро куштааст

Нерӯҳои Украина дар наздикии Бахмут, 7-уми марти 2023

Артиши Украина рӯзи 12-уми март иддао кард, ки ҷониби Русия дар 24 соати гузашта 1090 сарбози худро аз даст дод.

Набарди ду тараф барои зери назорат гирифтани шаҳри Бахмут идома дорад.

Ситоди кулли нерӯҳои Украина рӯзи якшанбе дар изҳороте гуфт, ҳашт тонки Русияро низ нобуд карданд.

Радиои Озодӣ наметавонад, мустақилона рақамҳоро тасдиқ кунад, аммо истихбороти низомии Бритониё ва таҳлилгарони ғарбӣ муътақиданд, ки ҷониби Русия дар талоши муҳосира ва ишғоли Бахмут талафоти зиёд дод.

Артиши Украина рӯзи 12-уми март ҳушдор дод, ки эҳтимоли зарбаҳои мушакӣ дар саросари кишвар "баланд" мемонад.

Дар он гуфта шудааст, ки бар асари тирборони нерӯҳои Русия ба як иншооти ғайринизомӣ дар Херсон ду кас кушта шуд ва се нафари дигар захмӣ гардид.

Аз он пеш раиси маъмурияти Херсон Александр Прокудин гуфт, ки рӯзи 11-уми март бар асари бомбаборони Русия се нафар ҷон бохт.

Mediazona, як расонаи мустақил ва зидди Путин, рӯзи 11-уми март гуфт, тибқи ҳисобҳои он, дар ду ҳафтаи охир 1638 сарбози Русия ва зархаридони “Вагнер” дар Украина кушта шудаанд.