Иттиҳоди Аврупо талош дорад, ки Русия таҷҳизот барои силоҳсозӣ наёбад

Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои сеюм хостааст, ки ба даст ёфтани Русия ба таҷҳизот барои сохтани силоҳ аз ҳар роҳи мумкин монеъ шаванд.

Нашрияи Bloomberg бо такя ба манобеаш гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ин кишварҳо паём додааст, ки ҳангоми содироти чунин навъи таҷҳизот эҳтиёт кунанд.

Ҳамсуҳбати нашрия гуфтааст, манзур кишварҳоест, ки аз Иттиҳоди Аврупо таҷҳизот мехаранд, вале онҳо бо Русия низ додугирифт доранд.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, талош мекунад, то ин навъи таҷҳизот ба дасти Русия нарасад.

Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина аксар кишварҳои ғарбӣ Русияро таҳрим карданд.

Бархе мақомдорони кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия талош дорад, аз тариқи дигар кишварҳо соҳиби таҷҳизоти зарурӣ шавад, ки бар асоси таҳрим содироташ манъ шудаст.