Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал дар ҷойи 50-ум аст

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонӣ, ки дар сайти futsalworldranking.be нашр шудааст, мавқеашро дар байни 118 кишвар бо 996 имтиёз дар ҷойи 50-ум нигаҳ дошт.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 11-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон, Ҷопон, Узбекистон, Тайланд ва Австралия дар панҷгонаи беҳтарин қарор доранд. Ҷойҳои минбаъдаро Индонезия, Ветнам, Ироқ, Қирғизистон ва Кувайт соҳиб шудаанд.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия ҷойи аввалро касб намудааст. Испания дар зинаи дувум мебошад. Португалия зинаи севумро азони худ кардааст. Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия, Аргентина, Қазоқистон, Эрон, Марокаш, Украина ва Парагвай дохил шудаанд.

Қаҳрамони феълии Осиё – Ҷопон дар ҷойи 12-ум, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии қора – Эрон дар ҷойи ҳафтум ва ҷоизадори биринҷӣ – Узбекистон дар ҷойи 24-ум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 хуб бозӣ карда, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот ба қатори панҷ дастаи беҳтарини Осиё шомил шуд.