ВКД аз даҳҳо мавриди таълими ғайриқонунии динӣ хабар дод

Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки соли гузашта 38 ҳолати таълими ғайриқонунии диниро ошкор кардааст.

Вазорат дар ҳисоботи солонаи худ, ки онро нашрияи "Садои мардум" нашр кард, гуфтааст, дар 38 ҳолат кӯдакон аз ҳамсояҳо ва ё рӯҳониёни маҳаллӣ дарси динӣ мегирифтаанд, ки хилофи қонун аст.

Дар Тоҷикистон 14 сол пеш, пас аз қабули қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ таълими дин дар хонаҳо ғайриқонунӣ эълон шуд.

Пештар рӯҳониён ба кӯдакон дар масҷид ё хона асосҳои дини исломро таълим медоданд. Мақомот мегӯянд, аз чунин роҳ ҷавонону ноболиғон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванд.

Қаблан як масъули Кумитаи амнияти миллӣ гуфта буд, натиҷаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ собит намудааст, ки 90-95 фисади аъзоёни созмонҳои тундгаро аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар сини хурдсолӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд.

Сокинон борҳо аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки кӯдаконашон аз асли дин бехабар мемонанд ва баъдан аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ақидаҳои ифротӣ мегараванд.

Қонунгузории Тоҷикистон танҳо ба падару модар ҳақ додааст, ки ба фарзандонаш таълимӣ динӣ диҳад.

Барои таълими ғайриқонунии диннӣ тибқи қонун дар Тоҷикистон аз ҷарима то се сол зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.