Дар Тбилиси (Тифлис), пойтахти Гурҷистон, даҳҳо нафарро боздошт карданд. Онҳо ба зидди қонун дар бораи “агенти хориҷӣ” эътироз доштанд, аммо ба “авбошӣ” муттаҳам шуданд.
Порлумони Гурҷистон рӯзи 7-уми март тарҳи қонунро дар бораи “агенти хориҷӣ” қабул кард. Бар асоси он, фаъолияти созмонҳое, ки аз ташкилоту кишварҳои хориҷӣ грант мегиранд, ҷиддӣ назорат хоҳад шуд. Аз 150 вакили порлумони Гурҷистон 71 нафар ба тарафдории он раъй додаанд.
Қабули ин қонун, ки эътирозгарон онро пайравӣ аз Русия медонанд, садҳо нафарро ба хиёбонҳои Тифлис баровард. Баъзе аз эътирозгарон шиор доданд, ки “Нест бод қонуни Русия”. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин қонун ба демократия дар Гурҷистон зарба мезанад.
Мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, эътирозгарон ба кормандони пулис бо сангу чӯб ҳамла карда, бинои порлумонро сангборон ва чанд мошини пулисро шикастанд. Ба қавли онҳо, 50 корманди пулис ҷароҳат бардошт.
Эътирозгарон гуфтанд, ки пулис бо гази ашковар ба онҳо ҳамла кард.
Саломе Зурабишвили, президенти Гурҷистон, аз талаби эътирозгарон пуштибонӣ кард ва гуфт, бо истифода аз ҳаққаш монеи ин қонун мешавад.