Бахши иктишофии НАТО талафоти нерӯҳои Русияро дар Бахмут назар ба артиши Украина панҷ баробар бештар ҳисоб кардааст. Дар ин бора телевизиони CNN бо истинод ба манбаи худ дар паймони низомӣ иттилоъ дод.
Пештар фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Украина генерал-полковник Александр Сирский ва Пажӯҳишгоҳи амрикоии омӯзиши ҷанг хабар дода буданд, ки артиши Русия дар Бахмут талафоти зиёд дидааст. Пажӯҳишгоҳи амрикоӣ афзуда буд, ки эҳтимол задухӯрдҳо дар Бахмут чанд моҳи дигар идома кунад.
Набард дар Бахмут, ки аз ҳудуди шаш моҳ пеш ва беист идома дорад, хунинтарин рӯёрӯӣ дар ҷанги Украина хонда мешавад ва дар сурати ақибнишинии нерӯҳои украинӣ, бузургтарин пирӯзии низомии Русия дар чанд моҳи охир хоҳад буд.
Артиши Украина барои ақибнишинии эҳтимолии нерӯҳояш аз чанд вақт пеш ба таҳкими сангарҳо дар ғарби Бахмут оғоз кардаааст, вале ба назар мерасад, ҳанӯз дастури ақибнишинии комил содир нашудааст.
Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, дар ҷараёни сафар ба кишварҳои Ховари Миёна гуфт, ақибнишинии нерӯҳои украинӣ аз Бахмут қатъӣ нест ва агар чунин тасмиме гирифта шавад, замони он маълум нест.
Ӯ афзуд, "суқути ин шаҳр ба маънои ба даст гирифтани ибтикори амал аз сӯи артиши Русия нест ва, ба бовари ман, назорати Бахмут бештар ҷанбаи рамзӣ дорад, на аҳамияти стратегӣ."
Маскав иддао дорад, ки тасарруфи Бахмут роҳро барои пешравӣ ва ишғоли минтақаҳои бештар дар Донбас хоҳад кушод. Дар муқобил, Украина мегӯяд бо ворид кардани талафоти вазнин ба нерӯҳои Русия дар ин ҷабҳа, ният дорад тавоноии ҷангии он дар набардҳои ояндаро коҳиш диҳад.
Фармондеҳи нерӯҳои украинӣ дар ҷабҳаи Бахмут рӯзи душанбе дар шабакаи "Телеграм" навишт, ки ҳанӯз дастури ақибнишинӣ дарёфт накардааст.