Қирғизистон як шаҳрванди Украинаро ба Беларус таслим кард

Владимир Кадария қаблан дар номае хоста буд, ки қарори истирдодаш бозбинӣ карда шавад

Шаҳрванди Украина Владимир Кадарияро, ки дар боздоштгоҳи Қирғизистон нигоҳ медоштанд, ба Беларус супурдаанд.

Автандил Алимжанов, вакили дифои шаҳрванди Украина, гуфт, шахси зери ҳимояи ӯро 4-уми март аз боздоштгоҳ бурданд.

"Кормандони Вазорати корҳои дохилии кишварамон бурданд. Онҳо бояд вайро ба ҷониби дувум супоранд. Ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муроҷиат шуда буд, вале истирдод карданд," -- изҳор дошт ӯ.

Владимир Кадария қаблан дар номае аз президенти Қирғизистон хоста буд, ки қарори Додситони кулли ин кишвар дар бораи истирдодаш ба Белорус бозбинӣ карда шавад.

Владимир Кадарияи 37-сола дар аввал шаҳрванди Белорус буд ва Андрей Ковалев ном дошт. Ӯ соли 2017, баъди дарёфти мақоми паноҳандагӣ ва сипас шаҳрвандии Украина номашро иваз кардааст.

Вайро мақомоти Қирғизистон моҳи августи соли гузашта бо дархости ҳамтоёни белорусии худ дар шаҳри Бишкек боздошт ва ду моҳ ҳабс карданд. Кадария аз дохили боздоштгоҳ ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Қирғизистон муроҷиат карда, моҳи декабри соли 2022 мақоми паноҳандагӣ дар ин кишварро низ дарёфт кард. Аммо додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 12 декабри соли 2022 қарор кард, ки вай ба Белорус иртирдод карда шавад.