Назорати видеоии маҳбасу боздоштгоҳҳо дар Қазоқистон ҳатмӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Дар Қазоқистон 27-уми феврал қоидаи истифодаи низомҳои назорати видеоӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва идораҳои пулис ба қабул шуд.

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 6-уми март хабар дод, ки бар асоси ин қоида, дар маҳбасу боздоштгоҳҳо ва идораҳои пулис, аз ҷумла воҳидҳои фавриву тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дурбинҳои назоратӣ насб карда мешавад.

Манбаъ афзуда, ки қарори насби дурбинҳои назоратӣ ҳамчунин масири меҳмонон ва утоқҳои амниятиро фаро мегирад.

"Ин чораҳо бо санадҳои байнулмилалии зидди шиканҷа, ки аз сӯи Қазоқистон ба тасвиб расидаанд, мувофиқат мекунанд ва ба пешгирии шеваҳои ғайриқонунии тафтишот нигаронида шудаанд", - омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Навори дурбинҳои назоратӣ метавонанд аз ҷониби вакилони дифоъ, ҷабрдидагон, гумонбарон ва мақомот ҳамчун далел истифода шавад.

Дар Қазоқистон парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар бештари маврид то додгоҳ намераванд. Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ мегӯянд, омилони шиканҷа дар ин кишвар аксари вақт беҷазо мемонанд.