Дар ҳамлаи мушакии Русия ба Запорожйе як бинои истиқоматӣ вайрон ва дастикам 3 кас куштаву 6 нафар захмӣ шудаанд.
11 танро аз зери вайронаҳо берун оварданд.
Ҳодиса шаби 1 ба 2-юми март рӯй дод.
Ба иттилои муқаддамотӣ, ба Запорожйе аз муҷтамаи мушакии С-300 ҳамла шудааст.
Мақомоти Украина гуфтанд, нерӯҳои Русия шаби гузашта ба зербунёдҳои муҳим дар вилояти Полтава ҳамла карданд.
Дар вилояти Харков ҳам ба иншооти ғайринизомӣ ҳамла шудааст. Захмиҳо ҳастанд.