Таътили баҳории хонандагон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 5 рӯз кам карда мешавад.
Хабаргузории давлатии “Ховар” ба нақл аз масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон навишт, хонандагон аз 20 то 26-уми март ба таътил мераванд.
Маъмулан дар фасли баҳор хонандагон 10 рӯз истироҳат мекарданд ва таътил то якуми апрел идома мекард.
Ба далели сардиҳои бесобиқа дар моҳи январи имсол бо қарори Вазорати маориф хонандагон ба ҷойи даҳ рӯз қариб 20 рӯз истироҳат карданд.
Ҳоло, ба гуфтаи намояндагони ин ниҳод, панҷ рӯзи он аз ҳисоби таътили баҳорӣ кам карда хоҳад шуд.