Идомаи ҷанги шадид барои Бахмут дар Украина

Бахмут, 27-уми феврали 2023

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, ҷанги сахт барои Бахмут идома дорад.

Низомиёни украинӣ рӯзи 1-уми март аз афзоиши ҳамлаҳои Русия ба ин шаҳр хабар доданд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гузорише гуфт, нерӯҳои Русия ба шаҳрҳои Донетск, Лиман, Авдиевка ва Шахтер низ ҳамла карданд.

Ин шарҳҳо чанд ҳафта боз ҳадафи асосии нерӯҳои Русия ҳастанд.

Русия шумораи зиёди сарбозони пиёданизомро барои иҳотаи Бахмут равона карда, ба нерӯҳои Украина фишори бештар меорад.

Зеленский рӯзи 28-уми феврал дар муроҷиати видеоии худ гуфт: “Русия одамонро умуман ба назар намегирад ва онҳоро пайваста барои ҳамла ба мавқеъҳои мо мефиристад. Танҳо шиддати ҷанг бештар мешавад.”