Русия ба Қирғизистон 40 мошини оташнишонӣ дод

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дод, ки ин кишвар ба Қирғизистон 40 мошини оташнишонӣ додааст.

Маросими қабули мошинҳо 1-уми март дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Мошинҳо дар асоси созиши президентҳои ду кишвар ҳамчун грант тақдим карда шудаанд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) 1-уми феврал 100 техникаеро, ки аз сӯи Чин ҳамчун грант пешниҳод шуда буданд, ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвараш тақдим кард. 85 тои он мошини оташнишонӣ буд.