Блинкен бо вазирони 5 кишвари Осиёи Марказӣ вохӯрд. ВИДЕО

Энтони Блинкен ҳангоми мулоқот

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, рӯзи 28-уми феврал дар шаҳри Остона ва дар чаҳорчӯби "C5+1" бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вохӯрд. Дар нишаст ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ, муҳити зист ва амният таваҷҷуҳ шудааст.

Нишасти "С5+1" аз соли 2015 баргузор мегардад ва ин як маҳфили кориест, ки барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштарак таъсис шудааст.

Сафари Блинкен ба пойтахтҳои Қазоқистон ва Узбекистон аввалин боздиди ӯ аз минтақа ба ҳайси дипломати аршад дар ҳукумати Байден мебошад. Ин сафар ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз солгарди ҳамлаи Русия ба Украина сурат мегирад, ки як навъ озмоиши нуфузи Маскав дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вохӯрии Блинкен бо вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Блинкен аснои вуруд ба Қазоқистон бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон мулоқот кард. Қосимҷомарт Тоқаев, ки дар моҳи ноябри соли гузашта дубора президент интихоб шуд, ошкоро ба даъвоҳои ҳудудии Владимир Путин дар Украина мухолифат намуд.

Котиби давлатии Амрико гуфт: "Аз шумо ва гурӯҳи кории зери раҳбарии шумо миннатдорем, ки имрӯз ҳамкоронро аз Осиёи Марказӣ дар Остона сарҷамъ кардед... Равобити бештар ва иқдомҳои амалии бештар дошта бошем, ки ба фикрам ба манфиати мардуми саросари Осиёи Марказӣ ва Амрико аст."

Энтони Блинкен ҳангоми суҳбат ба Мухтор Тилеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфт, Вашингтон аз мустақилӣ ва тамомияти арзии Қазоқистон пуштибонӣ мекунад.

Дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додаанд, ки вазир Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти "С5+1" иштирок ва суханронӣ кард, вале дар бораи мулоқоти ҷудогонаи ӯ бо Блинкен чизе нагуфтаанд. .

Қарор аст, Блинкен ба шаҳри Тошканди Узбекистон сафар кунад. Рӯзи 1-уми март барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви G20 ба Ҳинд меравад.