Сухангӯйи Толибон гуфт, Қорӣ Фотеҳро куштаанд

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон

Сухангӯйи Толибон рӯзи 28-уми феврал иддао кард, ки дар амалиёте дар Кобул узви баландпояи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро куштаанд.

Қорӣ Фотеҳ раёсати минтақаии истихборот ва амалиёти ДОИШ-ро бар уҳда дошт. Ҳамроҳи ӯ чанд нафари дигар кушта шудаанд.

Амалиёт рӯзи 27-уми феврал гузашт.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, Эъҷоз Амин Оҳангар, узви дигари баландпояи ДОИШ дар аввали ин моҳ кушта шуда буд.

Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар соли 2021, ин кишвар ҳадафи ҳамлаи “Хуросон”, шохаи афғонистонии ДОИШ, қарор гирифтааст.